Publication – Tajik

Рӯзҳои офариниш дар андешаи Носири Хусрав

Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Вестник Таджикского национального университета), 2018

Abstract:

Ҷумла адёни иброҳимӣ бар ин эътиқоданд, ки офариниши олам дар шаш руз тамом шуд ва рузи ҳафтум ё Сабт (яъне шанбе) ки пас аз ин шаш руз меояд омехта бо тақаддус ва ҳурмати хос аст. Ин омузиш таъвили рузҳои офариниш дар андешаи мутафаккири барҷастаи исмоилӣ Ҳаким Носири Хусравро баррасӣ мекунад. Бар асоси таълимоти Ҳаким Носири Хусрав рузҳои офариниш ба офариниши олами ҷисмонӣ тааллуқ надошта ишора ба офариниши олами руҳонӣ доранд. Ин офариниш бо ҳазрати Одам, ки дар олами руҳонӣ намоди рузи аввали ҳафта, яъне якшанбе, буд, шуруъ шуд ва бо Нуҳ, Иброҳим, Мусо ва Исо, ки ба тартиб намоди душанбе, сешанбе, чаҳоршанбе ва панҷшанбе буданд, идома ёфт. Бо Муҳаммад, ки рузи ҷумъа намоди ӯ аст, ин офариниш ба итмом мерасад. Ҳоло, рузи охирин ки дар он офариниши ҷаҳони руҳонӣ ба сари ҳадди камол мерасад, ҳануз фаро нарасида буд. Ин руз, ки ҳамон рузи Сабт (шанбе) ё Қоим ал-Қиёмат аст, на ба манзури амр ба кор, балки барои подош ва савоб мебошад. Мақолаи зер ин мавзуъҳоро шарҳ медиҳад.

Cite this publication:

Виранӣ, Шафиқ Н. Рӯзҳои офариниш дар андешаи Носири Хусрав. Тарҷумаи Ш. Гуламадов//Паёми Донишгоҳимиллии Тоҷикистон (Вестник Таджикского национального университета), № 7, 2018. С. 126-131.

Share what you’re reading on social media

If you liked this, you may also enjoy reading

The Ismailis In The Middle Ages

Spring’s Equinox

Persian Poetry, Sufism and Ismailism